Сценария иди парчам

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад. Он санаи 25-уми ноябри соли 1992-юм, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, айни замон мақоми парчам, тартиби тайёр кардан ва истифода бурдани  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254-ум, аз санаи 12-уми майи соли 2007-ум  оид ба «Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тартиб дароварда шудааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад. Он санаи 25-уми ноябри соли 1992-юм, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, айни замон мақоми парчам, тартиби тайёр кардан ва истифода бурдани  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254-ум, аз санаи 12-уми майи соли 2007-ум  оид ба «Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тартиб дароварда шудааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се хати горизонталӣ иборат аст: хати болоӣ — ранги сурх, хати мобайни – ранги сафед ва хати поёни ранги сабзро доро мебошад.

Хати мобайнии парчам аз рӯи паҳноияш аз хатҳои болоӣ ва поёнӣ ду карат калонтар мебошад. Дар байни хати сафед сурати тоҷи заррин акс ёфтааст аст, ки дар болои он ҳафт ситораи панҷкунҷа дар шакли нимдоира ҷойгир шудаанд.

Хати сурхи парчами Тоҷикистон ифодагари соҳибистиқлолии давлат ва марзи ҳудудии мамлакат мебошад.

Ранги зарди тоҷ ва ситораҳо рамзи покию озодагии кишвар ва саноати коркарди пахта аст.

Ранги сабз рамзи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва ифодагари сарсабзиву хуррамии он мебошад.

Тоҷ ва ситораҳо рамзи ҳокимият, иттифоқии табақаҳои иҷтимоии Тоҷикистон аст.

Парчам

Яке аз ҷойҳои асосии тамошобоб ва шоёни диққат дар Душанбе ин яке аз парчамҳои баландпоя дар ҷахон мебошад, ки моҳи сенятбри соли 2011-ум қомат афрохтааст. Он дар маркази шаҳри Душанбе, дар қисми чапи Қасри Миллат ҷойгир мебошад. Баландии сутунпояи парчам 165 метрро ташкил медиҳад, ки таркиби он аз қубурҳои оҳанини пуриқтидори 12-метра иборат мебошанд.

Давраи банақшадарории сутунпояи парчам ҳанӯз дар соли 2009-ум оғоз ёфтааст. Қисмҳои марказии он соли 2010-ум дар Дубай сохта шуда, баъдан ба шаҳри Душанде фиристода шудааст. Сохтмони расмии сутунпояи парчам дар Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон, санаи 24-уми ноябри 2010-ум огоз ёфтааст. Сутунпояи мазкур аз маводи махсуси мустаҳкам, полиэстери  микрофибровӣ тайёр карда шудааст.

24-уми майи соли 2011-ум нахустин маротиба парчами Тоҷикистон тариқи сутунпояи баланд, ки 310 килграмм вазн дошт, аз ҷониби 50 нафар афсарони Гвардияи миллӣ баланд бардошта шудааст.

флагшток-tj

Барои корҳои сохтмонӣ ва маводи сутунпоя 32 миллион доллар маблағ масраф шудааст. Он як қисми лоиҳа оид ба замонавигардонии шаҳр  ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Бо шинонидани сутунпояҳои баландтарини парчам дар дунё ширкати амрикоии «Trident Support» машғул мешуд, ки ба ҳисоби он 4 рекордгузорони қаблӣ мансуб мебошанд.

Яке аз ҳамин гуна сутунпояҳои баланди парчам, ки аз ҷониби ширкати амрикоии «Trident Support» офарида шудааст, дар маркази шаҳри Бакуи давлати Озарбойҷон қомат афрохтааст ва баландии он 162-юм метр мебошад.

флагшток-az

Ин ширкат офарандаи сутунпояи баланди парчам барои давлати Туркманистон низ мебошад, ки баландии он 133 метр буда, дар шаҳри Ашқобод гузошта шудааст.

флагшток-turkmenistan

Ширкати амрикоии «Trident Support» дар давлати  Иордания сутунпояи парчами баландиаш 132-метра ва дар Акаба  сутунпояи парчами баландиаш 127 — метраро дар Амман бунёд намудааст.

флагшток-iordaniya

Инчунин ширкати  дар боло номбурда дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, шаҳри Абу-Даби низ сутунпояи парчами баландиаш 123 – метраро офаридааст.

флагшток-abu-dabi

Сутунпояи парчами Тоҷикистон ҳамчун яке аз баландтарин сутунпояҳои парчами дунё ба китоби рекордҳои Гинес дароварда шудааст, ки яке аз дастовардҳои муҳими мамлакат ва ифтихори миллати тоҷик ба шумор меравад.

Маълумоти интернети

Маълумоти интернети

Маълумот дар бораи парчам, Парчами Чумхурии Точикистон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мақола аз сомонаи www.DONISH.su барои шумо >>

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.

Парчами миллӣ ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст.

Фархунда бод Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамватанони гиромӣ!

Давоми матнро баъди реклама хонед


Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумот)

Бар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.

Шеър дар бораи Парчам дар ин саҳифа <<


24 ноябр рузи Парчами Чумхурии Точикистон (иншо эссе)

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи Қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».

Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.

Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуӣ сарф шудааст. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд.

Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба ӯҳда доштанд.  Аз муалифон ва коллективҳои эчодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардида буд.

Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва кумитаи Ҷумҳуриявӣ оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озумн аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлати гурӯҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев-роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева-рассом ва санъатшинос номзади илмҳои санъатшиносӣ, Анатолий Заневсий – президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина- санъатшинос ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон шомил буданд.

Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.

Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд.

Баъд аз ин гурӯҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро чой намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами хафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.

Дар аввал ба ақидаи муалифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик  маънидод шуда буд.

Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.

Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта, ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст ҳамчун ифодагари – мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад маънидод карда шуд.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.

Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.

Рӯзи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд.

Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессия таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди милли ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан  ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Бояд қайд намоям, ки вобаста  ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 «Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.

Ба хотири мақому манзаллати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди  манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтумон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад.

Дар охир аз фурсати бароям муяссар шуда, ҳамаи Шуморо ва мардуми Тоҷикистонро  ба ин иди муқаддаси умумимиллӣ табрику муборакбод намуда, осмони софу беғубор ва сиҳатмандиву сарбаландиҳо таманно дорам.

  • Шеър дар бораи Парчам дар ин саҳифа <<
  • Шеър дар васфи парчам <<

Ҳар сол Тоҷикистон рузи 24 ноябр, сар карда аз соли 2009 иди парчамро таҷлил мекунад. Мақсади ҷашн гирифтани иди парчам бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандустии шаҳрвандон мебошад. Ҳамасола дар кучаю хиёбонҳои шаҳр парчамҳо овезон мешаванд ва маросимоҳои тантанавӣ бо иштироки ҷавонон мегузашт, мардум парчам ба даст сайру гашт мекарданд. Имсол бошад аз сабаби сар задани бемории сироятии Коронавирус чунин ҷашнҳо маҳдуд карда шуд.

Президенти Ҷумҳурӣ, Пешвои миллат Э. Раҳмон имрӯз мардуми кишварро бо иди парчам табрик намуданд ва қайд намуданд, ки “Ҳар як давлати мустақил аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба шарофати парчами худ эътироф ва эҳтиром карда мешавад. Ин шаҳодат, рамзи таърихи бостонӣ ва фарҳанги бойи миллати тоҷик аст, ки ҳар як узви ҷомеаро вазифадор мекунад, ки ин рамзи муқаддаси миллиро гиромӣ дорад”.

Дигар иқтибосҳои Э. Раҳмон ба муносибати Иди Парчам дар поён оварда шудааст:

“Воқеан, парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму оинҳои деримани давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо ба роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерӯву қудрати созандагӣ мебахшад”.

“Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рузҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо карданд”.

“Баъди қабули парчам миллати мо онро ҳамчун ливои озодиву истиқлол ва воситаи сарҷамъиву ба ҳам омадан ба даст гирифта, давлати ҷавони худро аз вартаи ҳалокат ва миллатро аз парокандагӣ раҳо бахшид”.

“Таҷлили рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандонӣ шуҷои ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бо нангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад”.
“Минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзаминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард».

Таблиғ барои пешрафти сомона

Парчами Чумхурии Точикистон, 24 ноябр рузи Парчами Чумхурии Точикистон Парчам


Худо кунад, ки ин як порча матоъ барои ҳамеша ифодагари сари баланди тоҷикон бошад! Рӯзи Парчам хуҷаста бод!


Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!


Парчам ҳуввият, озодагӣ, ва ғуруру номуси миллати асилзодаи мост! Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Фарорасии Рӯзи Парчами давлатро ба ҳамаи шумо ҳамватанони азиз шодбош гуфта, бароятон ба қавли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям».

Бигзор, ҳамеша Парчами давлатӣ – парчами фатҳу кушоиш ва саодату сарфарозии миллату давлати тоҷик парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!


Шеър дар васфи Парчам

Парчам нишони мост,
Симурғи некфол
Дар осмони мост.
Таърихи мо, ҳамосаи мо, достони мост,
Бал, Ковиёндирафши куҳанориёни мост,
Рағми аду муқовимати ҷовидони мост,
Дар арши бахт ҷилваи рангинкамони мост,
Боланда чун умеди дилу ормони мост,
Фарҳанги мо, асолату тобу тавони мост,
Чун мисраи баланд
Сар барзада зи дафтари табъи равони мост.

Рамзе, ки он зи ҳар чӣ азизу муқаддам аст,
Парчам аст!

Се ранг дорад он:
Сурху сафеду сабз.
Мазмуни ранг- ранг ба ҳар ранг андар аст,
Дар ранги сурх шуълаи хуршеди Ховар аст,
Сурхии нони гандумии дасти модар аст.
Ранги сафед, роҳи ҷавонони кишвар аст,
Пайғоми сулҳ, боли сафеди кабутар аст.
Сабзаш баҳори сабзи умедасту бовар аст,
Фардои сабзи ин ватани сабзманзар аст.

Чун кӯҳ устувор бувад парчами ватан,
“Шаҳнома”-и виқор бувад парчами ватан!

Боғи муаллақе,
К-аз ранги сабз об хӯрад навбаҳори ӯ,
Хандад шукуфаҳои сафед аз канори ӯ,
Чун лаъли сурх ҷилва кунад лолазори ӯ
Гулбоғи парчам аст!
Ҳар як ситорае, ки дар он мерасад ба чашм,
Болои гул чу қатраи зебои шабнам аст.

Бояд чу қоматаш,
Умре нигоҳи худнигари мо бувад баланд,
Чун насли кӯҳ ҳар назари мо бувад баланд,
Чун бозгӯи асл
Фари мо бувад баланд,
Сари мо бувад баланд!

Он тоҷ, тоҷ бар сари болои миллат аст,
Анвори ӯ таҷассуми фардои миллат аст
В-он печутоб мавҷ зи дарёи миллат аст,
Яъне хабар зи мавҷи гуҳарзои миллат аст,
Ҳар наҷм шаҳчароғ ба шабҳои миллат аст,
Болои ӯй қомати зебои миллат аст.

Поянда бод, қомати сарви биҳишти ӯй,
Чун сарнавишти мост кунун сарнавишти ӯй.

Сайри қадаш зи мард шуҷоат кунад талаб,
Авсофи ӯ зи фард фасоҳат кунад талаб,
Ҳуснаш зи чашм дарси назокат кунад талаб,
Меҳраш даруни сина масоҳат кунад талаб,
Подорияш зи шахс матонат кунад талаб,
Оре, ҳамеша аҳд садоқат кунад талаб.

Мо қади худ ба парчами худ поя мекунем,
Бар офтоб бурдаву ҳамсоя мекунем!

Бархез, эй рафиқ,
Маҳкам ба шоҳбанди ҷасорат камар кунем,
То парчами ватан ҳама ҷо ҷилвагар кунем,
Бо фахру бо ғурур,
Дар дидаҳо сурур
Бар қомати баланди баландаш назар кунем,
То дурдасти бахту саодат сафар кунем,
Таърихи хеш номаи бахту зафар кунем.

Парчам, маро ҳамеша тамошоят орзуст,
Як мисраи баланди чу болоят орзуст!

Озар Салим


Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчам давлатӣ, ки ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «рамзи бахту саодат, сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад», табрик мегӯям ва хоҳони онам, ки парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои ҳар яки мову шумо ба сӯи ояндаи неку осуда ва фатҳи қуллаҳои мурод бошад.


Табрикот ба Рузи Парчами Чумхурии Точикистон

Парчам рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст. Парчам, ки баланд аст, сари моро ҳамеша баланд медорад. Парчам ба мо неру, шукӯҳ ва ифтихори ватандорӣ мебахшад. Ин парчам ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориро дар мо бедор ва поянда медорад, муҳаббати Ватанро дар вуҷудамон фурӯзон месозад.

Ҳар соҳибватан ҳангоми иштирокаш дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ бо худ арзишмандтарин чиз, яъне Парчами давлатиро мебарад.


Ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва дар шахсияти Шумо тамоми миллати парчамбардори тоҷикро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, иқболу комёбӣ ва хонаободиро таманно менамоям.

Бигзор, Парчами давлатии халқи тоҷик, ҳамчун дирафши фатҳу иршоди нек то абад парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!


ТОҶИКИСТОН ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД!

Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

Қосиди сулҳ, меъмори ваҳдат, Пешвои сулҳофари миллат дар бораи Парчам чунин гуфтаанд:

“Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.” Эмомали Раҳмон


Солгарди навбатии Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанон ва дӯстону пайвандони азизам сидқан шодбош гуфта, таманнои онро дорам, ки ливои давлати тоҷикон дар фазои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишвари биҳиштосоямон ҷовидона, парафшонӣ намояд.

Парчам – шиносномаи миллат ва эҳтиром ба парчам эҳтиром ба миллат аст. Дар шароити кунунӣ, ки тафриқа миёни миллатҳо ба авҷи аълост, моро зарур аст, ки зери сояи як парчам, “Парчами миллӣ”, парчами шукӯҳманди Тоҷикистони соҳибистиқлоли азиз, муттаҳид шавем ва қудрати ҳифзи ватанро дошта бошем.

Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони азиз!

  • Рузи Парчами Чумхурии Точикистон (24 ноябр эссе) 
  • Шеър дар бораи Парчами Точикистон 

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)

Translatero.com > Татарско русский переводчик онлайн

ц

ғ

җ

қ

ң

ү

һ

ә

ө


50 популярных слов для перевода с татарского русский язык

уфтанма

Нишли

Мин

Калеб

Матур

бахлыш

әДәпле

Дэулэт

Бэтэщ

Килә

Аллага

Ярар

Урус

җәй

Җиһаз

Якши

шаян

Дәүләт

тәмле

Ярдәм

Тыйнак

тунбаш

Эзгене

кайда

Белмим

Ләкин

Сез

Булды

ничек

Исямисис

Көзге

Кайгырма

ил

төлке

Ялкау

сөйли

җылы

дунгыз

кая

Без

Бер

Мәгънә

Жаныкаем

Нинди

Рахмят

Идән

халык

Төньяк

Калын

Сарык

Следующая >>>

30 популярных выражений для перевода с татарского русский язык

Кутак баш

Син узгэрэ аласын

Как дела

Туган як

туган ил

Жир жилэге

Кутты болсын

Мин чыгам

Тыныч йокы

Эт эчэгесе

Богелэ талым

Син кутак малай

гомер дигэннэре

Кутак бах

Кутак башлар

хикәя фигыль

Тәрҗемә итегез

кошлар сайрый

тударак сюдарак

татарча белясен

Жомга иртэсе

Жан кисэгем

Сак-сок тавышы

егылып төшкӘн

Тэмле тошлэр

Сектем әле доньясын

Алла сакласын

белэн бергэ

ябышып бара

өй эшен

Следующая >>>

20 популярных фраз для перевода с татарского русский язык

Мин сине яратам

Сезгэдэ бик куп сэлэм

Ярдәмчел һәм акыллы сыйныфташлар белән арашлырга җиңел

итзге жомга мөберек булсын

атаклы татар шагыйре

әй курыкты соң Чирик

Син узгэрэ аласын

масал ул азаби жанр

Авыруның диагнозын билгеләргә тырышыгыз

Урыны җәннәттә, рухы тыныч, туфрагы җиңел булсын

Бү шәһер мина ошыйМин аны бик яратам

Ийрэн синен гомерен алда

Сүзләрне кертеп, җөмләләр төзегез

Аның шигырьләренә бик күп җырлар язылган

Әллә инде, кая чабасың

синен башында кечкенэ генэ баобаб усэ

Мәктәптә яңа укучылар белән

Кирэк ме берэр нэрсэ

Тактага язма минем исемне

Эннэм сегэйм мэй бахчим, сыктым форэшка блэ

Следующая >>>


Пожалуйста, помогите c переводом:

Текст сообщения: Мин бактем

Текст сообщения: как мина атярга сина?

Текст сообщения: Яры. Рахмят

Текст сообщения: хазер багам

Текст сообщения: Бэз синэ бик

Татарский-Русский

Без 750 чакрым җәяү бардык.

Татарский-Русский

Мин сине барыбер яратам, Нинди генә булсаң да Йерәгемнең ярасына, кайчак тозлар салсаң да. Мин сине барыбер яратам, Ярату татлы газап. Эзләмә читтән сөюләр, син дә тик мине ярат.

Татарский-Русский

зехверен

Татарский-Русский


Пожалуйста, помогите откорректировать тексты:

татар телендэ аралашасым килэ) бер унайдан мина тэжрибэ алырга яхшы булыр иде) лэкин аны оныттым

Татарский

Грани Разума

Русский


Популярные направления онлайн-перевода:

Английский-Русский Арабский-Татарский Русский-Английский Русский-Немецкий Русский-Татарский Русский-Французский Татарский-Английский Татарский-Башкирский Татарский-Турецкий Французский-Русский



                               

© 2023 Translatero.com — онлайн-переводчик
Privacy policy
Terms of use
Contact

ResponsiveVoice-NonCommercial licensed under (CC BY-NC-ND 4.0)

24 ноябр рузи парчам соли соли 2022.mp3

25
561.52 KB
241


Толиб Абдулло Парчами коваён.mp3

03:46
4.96 MB
65.9K


ПАРАФШОН ПАРЧАМИ МО ЗИНДА БОДО.mp3

01:39
2.17 MB
9K


Дар бораи парчам Малумот.mp3

01:12
1.58 MB
3K


ТОП 10 балантарин парчам дар чахон.mp3

06:25
8.44 MB
18.6K


СУРУДИ ПАРЧАМ.mp3

03:45
4.94 MB
29.5K


ИДИ ПАРЧАМ ИХЕЛИШАМ ДИДЕМ УСТОД МУҲАММАД МАЪРУФИ РОСИХ استاد محمد معروف راسخ.mp3

01:53
2.48 MB
4.7K


Иди Парчам дар шаҳри Исфара бо шукуҳу шаҳомати баланд таҷлил гардид Исфара 2022.mp3

06:45
8.88 MB
3.3K


ХОР ПАРЧАМ ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА.mp3

03:07
4.10 MB
22.8K


ТОБИШ ХИЛОЛИ КЛИПИ ПАРЧАМ ШЕЪРИ ХУРШЕД ЗИЁ ФЛАГ ТАДЖИКИСТАН.mp3

03:43
4.89 MB
5.8K


Толиби Абдулло Парчами Коваён обунашавед подписывайтесь.mp3

03:53
5.11 MB
5.4K


Парчам нишоне аз таърих шеъри Дониёр Сангинӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор.mp3

02:04
2.72 MB
5.9K


Рӯзи Парчами Ҷумхурии Точикистон Муборак Бошад.mp3

01:35
2.08 MB
20K


Таърихи Парчами азизи мо Оё медонед кӣ.mp3

27
606.45 KB
121


Табрикоти дандонпизишки чавон бахшида ба рузи парчам.mp3

50
1.10 MB
127


Шеъри парчам Хусейн Ашуров.mp3

02:08
2.81 MB
6.8K


24 10 2022 Рӯзи парчам муборак бошад.mp3

25
561.52 KB
189


Как нарисовать Флаг How To Draw A Flag Кашидани расмий Парчам художник.mp3

01:09
1.51 MB
591


Исфара Рузи парчам 2022.mp3

03:47
4.98 MB
3.7K


Суруд дар васфи Парчам аз ҷониби устод Хайриддини Бозор баҳри шумо мухлисон.mp3

03:11
4.19 MB
5.8K


ДЕТСКИЙ САД БОЙЧЕЧАК ТАНЕЦ ПАРЧАМ.mp3

04:56
6.49 MB
2.8K


Рузи парчам н Файзобод.mp3

23:35
31.04 MB
785


РӮЗИ ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ.mp3

03:46
4.96 MB
15.3K


Шерои нари точикистон дар иди парчам.mp3

52
1.14 MB
334


БОГИ ПАРЧАМ ИСФАРА качество 720.mp3

03:29
4.58 MB
1.4K


Парчам.mp3

09
202.15 KB
100


Рузи Парчам дар н Вахш Паради дастачамонаи мардуми Вахшизарнисор.mp3

04:33
5.99 MB
1.6K


ОЧА ХИЗМАТ НАМЕРАМ САХНАЧАИ ХАЧВИ 2020.mp3

11:51
15.60 MB
0.9M


Ракси точики дар боги парчам бо Об.mp3

02:17
3.01 MB
1.2K


Баландтарин Парчам Баландтарин Парчам дар Чаҳон дар Куҷост ZAMIN.mp3

01:31
2.00 MB
476


Консерти Парчам дар Ворух кисми 2.mp3

23:55
31.48 MB
7.5K


Рамзхои давлати ва накши он дар муарифии давлати Точикистон Рекорди чахонии парчами Точикистон.mp3

24:34
32.33 MB
1.6K


Шохсанами Асрор суруди Парчам.mp3

03:07
4.10 MB
3.7K


АНОНСИ ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ ПАРЧАМ.mp3

01:16
1.67 MB
190


16 06 22 Президент дар Чайхун парчам ва нишонро ифтитох карданд.mp3

08:11
10.77 MB
4.9K


ПАРЧАМ Филми тасвири Флаг.mp3

05:40
7.46 MB
212


Худойдод Зубайдзода КЛИП Суруди Парчам.mp3

03:27
4.54 MB
1.5K


ЁВОН ИДИ ПАРЧАМ.mp3

04:52
6.40 MB
504


Рӯзи Парчами миллӣ муборак.mp3

16
359.38 KB
236


Рузи Парчам Фархор.mp3

02:19
3.05 MB
619


ИСТАРАВШАН ТАҶЛИЛИ ИДИ ПАРЧАМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМЙ.mp3

02:52
3.77 MB
1.5K


Дар Консерти Парчам Ворух Махмудчон Ниёзи Точикистон.mp3

03:25
4.50 MB
4.9K


ПАРЧАМ НИШОНАИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ТҶҶ Созандагони Ватан.mp3

03:30
4.61 MB
52


Барафрохтани парчам дар хонаҳо қонунӣ шуд.mp3

02:17
3.01 MB
4.4K


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР МАКТАБИ ПАЙМОН.mp3

02:22
3.11 MB
289


парчам бардорони Точикистон.mp3

02:10
2.85 MB
472


Таърихи парчами точикон Диловар Сафаров Dilovar Safarov Dfilm Tj.mp3

10:03
13.23 MB
13.5K


Бахшида ба рузи Парчами милли як суруди Фазлиддини Рахмон обуна шавед Муборак бошад.mp3

01:54
2.50 MB
5K


Чашнгири парчам дар Чарогчи 3 04 2021.mp3

10:31
13.84 MB
1.8K


Ҷудо100 кг Парчам ва суруди милии Тоҷикистон дар Боку Гранд Слам барои пирӯзии Темур Раҳимов.mp3

05:16
6.93 MB
5.4K


Парчам–рамзи Истиқлолият


Опубликовано чт, 24/11/2016 — 09:44 пользователем tvt

Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки  имрўз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой  дар ҷаҳон  муаррифӣ менамояд.

Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори  халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории  ин миллати соҳибтамаддун  аст. Парчам дар тўли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрўз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта, он дар як заминаи хушку холӣ ба миён  наомадааст ва  аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба  омода кардани он истифода шудааст.  Дар Иҷлосияи  16-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид,  Парчами Тоҷикистон  мавриди қабул қарор гирифт ва пўшида нест, ки  дар таҳия ва пешниҳоди он  олимон ва аҳли фарҳанг назари худро  пешниҳод карданд ва  Парчами давлати тоҷик, ки  имрўз ҳамчун рамзи давлатӣ  шинохта шудааст,  бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни  пешазисломӣ ва  баъдиисломии  мардуми мо аст,  яъне тамоми арзишҳои миллию  таърихии моро ифода мекунад.

Ин буд, ки  дар  асоси муқаррароти моддаи 3-и  Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон   Парчам дар  баробари  Нишон ва Суруди  миллӣ аз рамзҳои  давлатӣ  маҳсуб мешавад. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва дар  ҷумлаи оғози ин Низомнома   омадааст:   «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».  Тамоми муқаддасоте, ки  дар Ватани мо ҳаст, ҳам муқаддасоте, ки  ба фарҳанг алоқаманданд, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва  ҳам ба имрўзи мо, ба идеалҳои мо алоқамандӣ доранд,  ҳама дар ҳамин ҷумла нуҳуфта аст, яъне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар радифи ду рамзи дигар, яъне Нишон ва  Суруди миллии  Тоҷикистон, пеш аз ҳама,  рамз аст, рамзи давлатӣ аст.

Бояд гуфт, ки  рамзҳо хеле муқаддас мешаванд  ва дар баробари ин  он аломату рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме   мазмуну мўҳтавои амиқ доранд, ки  дар онҳо агар  аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба  эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии арзишҳои  фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва  арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо то ба имрўз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ин  як рамзи бисёрмаъно буда, он ба воситаи муқоиса дар ақли инсон  дарк мешавад. Он тасвири рангҳо,  тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар Парчами давлатии мо  акс ёфтаанд, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд.

Аммо ба таври  амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед ва покизагӣ буда, ранги  сабз -саъю кўшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам- ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора-ин  ҳафт иқлим, ҳафт минтақаи Тоҷикистон, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон,  ҳафт рўзро ифода менамоянд.

Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами давлатӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад.

Ҳамаи инро дар зеҳн нигоҳ доштани ҳар сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим аст. 

НИЗОМНОМА
             дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд. Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиханд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.
  3. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойхои зайл афрохта мешавад:
    дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) – доимӣ; дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрхо, нохияҳо, гузаронда мешаванд – дар тамоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҷлисҳои намояндагон (ҷамоат)-дар тамоми давраи маҷлис; дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои бинохои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст; дар болои биноҳо ва васоити нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дар болои иморатҳои муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар болои васоити нақлиётие, ки дар дохили онхо ба сифати ашхоси расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар ашхос нишастаанд, – мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинохои раъйдиҳӣ – дар рӯзҳои интихобот ва раъйпурсӣ; дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ; дар постгоҳҳои марзӣ (заставаҳо) ва нуқтаҳои рухсатдихии (гумрукии) Сархади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҳангоми гузаронидани маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронанд, афрохтан мумкин аст.
  4. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, Мачлисхои маҳаллии намояндагони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), ҳамчунин дар хонаҳои (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳое, ки вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагонро доимо қабул мекунанд, ҷойгир карда мешавад.
  5. Ҳангоми мотам бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли мотамӣ афрохта шуда метавонад. Дар ин маврид ба чӯбдасти (меҳвари фулузӣ) парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёни парчам овезон бошад.
    Дар сурати бо чӯбдаста афрохтани парчам ҳангоми мотам парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чӯбдаста хам карда мешавад.
  6. Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар киштиҳои ҳавоие, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷойгир мешавад.
  7. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад доимо дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, дар болои биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳо, инчунин тасвири он ба мақсади ороишӣ ба сифати рамзи давлатӣ ва миллӣ тавре истифода гардад, ки дар ин маврид нисбат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бехурматӣ содир нашавад.
  8. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасвири он қатъи назар аз андозаҳои онхо доимо бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки ба ҳамин Низомнома замима мегардад, мутобиқат дошта бошад.
  9. Ашхосе, ки ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
  10. Тартиби тайёр кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонроҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Дар бораи парчам Малумот

01:12

2.20 MB

ПАРАФШОН ПАРЧАМИ МО ЗИНДА БОДО

01:39

3.02 MB

БОГИ ПАРЧАМИ МИЛЛИ

02:03

3.75 MB

Рӯзи Парчами Ҷумхурии Точикистон Муборак Бошад

01:35

2.90 MB

24 ноябр рузи парчам соли соли 2022

00:25

781.25 KB

ТОП 10 балантарин парчам дар чахон

06:25

11.75 MB

Дар бораи Парчами Милли Чумхурии Точикистон

16:27

30.12 MB

Толиб Абдулло Парчами коваён

03:46

6.90 MB

РӮЗИ ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ

03:46

6.90 MB

Боги парчами милли Tajikistan

03:50

7.02 MB

СУРУДИ ПАРЧАМ

03:45

6.87 MB

ИСТАРАВШАН ТАҶЛИЛИ ИДИ ПАРЧАМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМЙ

02:52

5.25 MB

Таърихи Парчами азизи мо Оё медонед кӣ

00:27

843.75 KB

ХОР ПАРЧАМ ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА

03:07

5.71 MB

таърихи парчами Тоҷикистон

00:13

406.25 KB

Зебогии Боги парчами милли

03:01

5.52 MB

Боғи Парчами Миллии Душанбе Tajikistan Dushanbe

09:46

17.88 MB

Бахшида ба рузи Парчами милли як суруди Фазлиддини Рахмон обуна шавед Муборак бошад

01:54

3.48 MB

Барномаи консерти ба ифтихори Рузи Парчами давлатии ЧТ

40:35

74.31 MB

Тачлили иди Парчами Милли дар шахри Исфара 2022 24 ноябр

02:16

4.15 MB

рӯзи парчами милли дар ш Бохтар

03:10

5.80 MB

Парчам нишоне аз таърих шеъри Дониёр Сангинӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор

02:04

3.78 MB

БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДДФСТ БА НОМИ М ТУРСУНЗОДА

03:56

7.20 MB

ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГРАФИКА ПАРЧАМИ МИЛЛӢ 2020

01:35

2.90 MB

рузи парчами милли дар Шахри Конибодом 2022сол байраки 100 метира хатман бинен то охирша

10:42

19.59 MB

Рӯзи Парчами миллӣ муборак

00:16

500.00 KB

Бахшида ба рузи парчами милли

02:52

5.25 MB

Рузи Парчам дар н Вахш Паради дастачамонаи мардуми Вахшизарнисор

04:33

8.33 MB

Иди парчами Миллий дар шаҳри Конибодом

06:01

11.02 MB

Иди Парчам дар шаҳри Исфара бо шукуҳу шаҳомати баланд таҷлил гардид Исфара 2022

06:45

12.36 MB

Душанбе Боғи Парчами Милли

05:35

10.22 MB

Пояи парчам баъди рафтани президент вайрон шуд

02:23

4.36 MB

Боги Парчами Милли

00:39

1.19 MB

Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

09:31

17.43 MB

Баландтарин Парчам Баландтарин Парчам дар Чаҳон дар Куҷост ZAMIN

01:31

2.78 MB

Рузи Парчами Милли Точикистон дар Файзобод

03:40

6.71 MB

Шеъри парчам Хусейн Ашуров

02:08

3.91 MB

РУЗИ ПАРЧАМИ МИЛИ ДАР ТОЧИКИСТОН

00:55

1.68 MB

ВЛОГ САЙРУГАШТИ БОГИ ПАРЧАМИ МИЛЛИ 20 07 19

23:48

43.58 MB

Суруд дар васфи Парчам аз ҷониби устод Хайриддини Бозор баҳри шумо мухлисон

03:11

5.83 MB

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 24 11 2022

08:56

16.36 MB

қирғизҳо парчами моро пора кардан дар ҷанг албатта ин кор беҷавоб намемонад

00:15

468.75 KB

Понравилась статья? Поделить с друзьями:
  • У кого сегодня праздник стихотворение
  • Танец на праздник зажигательный
  • Сценаристика ру авторские сценарии праздников
  • Сценарий юбиляра рыбака
  • Танец мухоморов на осеннем празднике